Дар Душанбе конфронси байналмилали «Нақши ҷавонон дар рушди илм, инноватсия ва технология» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дар меҳмонхонаи «Серена» бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад, дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди илм, инноватсия ва технология» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкур аз тарафи Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон аз муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои ИДМ баргузор карда шуд.
Зикр гардид, ки олимони ҷавон имрўз бо назардошти авзо ва татбиқи сиёсати ҷаҳонишавӣ фаъолияти илмии сазовор доранд ва ҷомеаи муосир бе саҳми онҳо тасаввурнопазир мебошад. Бо назардошти Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси масъулиятшиносии олимони ҷавон низ дар рушди технологияҳо ва инноватсия ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Пас аз ҷаласаи пленарӣ конфонс кори худро дар ду бахш: бахши илмҳои дақиқ ва бахши улуми ҷомеашиносӣ идома бахшид. Олимони ҷавон Мину Мамадюсупова (Тоҷикистон), Михаил Вождаев (Федератсияи Россия), Геворг Варданян (Арманистон), Елена Бабан (Молдова), Мээрим Суманбекова (Қирғизистон), Махмут Томанов (Қазоқистон), Фамин Салмонов (Озарбойҷон) ва дигарон паҳлўҳои илми муосирро дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






