Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Рӯзи Ғалаба таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 05. 05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 майи соли равон дар Раёсати филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бахшида ба 72-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд.
Дар ҳамоиши мазкур собиқадорони меҳнат ва иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок намуда, аз рӯзҳои мудҳиши ҷанг ба ҷавонон нақл намуданд. Зикр гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмардон ба набардҳои хунин рафта, корнамоиҳо нишон доданд.
«Қисми зиёди фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг ба хотири иҷро кардани қарзи фарзандии хеш ҳалок шуданд, ки номи неки онҳо дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст.
Ҳарчанд ки майдони ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳамаи гӯшаву канори он ва ҳар як хонавода эҳсос мегардид»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.
Дар маҳфил оркестри дивизияи ҳарбии 201-уми Русия дар якҷоягӣ бо ханандагони мактаби миёнаи №8 ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






