Дар Хуҷанд Фестивали байналмилалӣ оид ба брейк-данс доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 13 май дар Кохи фарҳангии Суғдиён бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Баттл Суғд интернейшнл» (International battle Sogd) фестивал-озмуни байналмилалӣ оид ба брейк-данс баргузор шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, дар фестивал-озмун 8 даста ширкат варзида, барои гирифтани ҷоми фестивал мубориза бурданд. Аз ҷумла, дастаи брекдансчиёни давлати Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.
Фестивал-озмунро дар Кохи фарҳангии Суғдиён дар ҳузури бештар аз 500 нафар мухлисон муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшид. Дар вилояти Суғд бештар аз 100 нафар ҷавонон бо ин навъи варзиш машғул ҳастанд, ки барои онҳо тамоми шароит муҳайёст.
Мусобиқа таҳти доварии чемпиони секаратаи ҷаҳон, довари дараҷаи байналмилалӣ Ҷамол Асадуллоев оғоз гардид. Дар даври аввал мусобиқа байни дастаҳои Қазоқистон- Душанбе, Қирғизистон- Хуҷанд-2, Қӯрғонтеппа-Хуҷанд 3, Хуҷанд 1- Суғд бо намоиши ҳунари баланди ин санъати муосир баргузор шуд. Ба қисмати нимфиналӣ дастаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Душанбе ва Хуҷанд-1 баромаданд. Баъдан барои ҷои аввал мубориза байни дастаҳои Қазоқистон-Қирғизистон ва барои ҷои сеюм байни дастаҳои Душанбе-Хуҷанд баргузор шуд.
Дар натиҷа дастаи Қазоқистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои дуюм ва Душанбе ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Дар вазъияти тантанавӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ба ғолибон Ҷом, диплом ва мукофотпулиҳоро тақдим намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ғолибонро муборакбод намуда, зикр кард, ки ин фестивал дар такмили дӯстии ҷавонони кишварҳои ҳамҷавор нақши бориз дорад ва аз ҷониби дигар дар рушди ин навъи варзиш қадами ҷиддӣ хоҳад буд
Намоянда аз Қазоқистон Одил Ёсимуҳанов барои қабули гарму самимӣ ва баргузории фестивали сатҳи баланд ба роҳбарияти вилоят ва ташаббускорони он арзи сипос кард.
Меҳмонон аз ҷойҳои таърихии вилоят, чун Қасри маданияти Арбоб, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Истиқлол, Музеи кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд низ боздид намуданд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






