Дар Ишкошим аъзои аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ картошка мешинонанд

Май 30, 2017 11:24

ХОРУҒ, 30.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошим соли равон бинобар сардии ҳаво ва боришоти шадид кишту кори баҳорӣ каме ба таъхир афтод, аммо деҳқонон кӯшиш доранд, ки то даҳаи аввали моҳи июн мавсими корҳои саҳроиро ба итмом расонанд. Онҳо имсол дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар маҳсулоти ғалладонагиву сабзавот кишт мекунанд.
Дар маркази ноҳияи Ишкошим 7 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуданд. Ин хоҷагиҳо дар ихтиёри худ наздики 700 гектар замини киштбоб доранд ва бештари онҳо дар қитъаи замини худ картошка мешинонанд, зеро боду ҳаво ва обу хоки ин ноҳия барои ба даст овардани ҳосили хуби картошка хеле мусоид мебошад. Сифати ин намуди маҳсулот баланд шуда, он дар бозори шаҳри Хоруғ харидорони зиёд дорад.
Яке аз деҳқонони ботаҷрибаи ноҳия Имомдод Мамадёқубов гуфт, ки 15 сол боз бо замин сару кор дорад ва бо истифода аз таҷрибаи чандинсола дар бораи таркиб ва хосияти хоки ин қитъаҳои замин маълумоти кофӣ ҷамъоварӣ кардааст. «Дар чанд соли охир мо аз истифодаи нуриҳои кимиёӣ даст кашида, ба киштзорони худ танҳо нуриҳои органикӣ мепошем. Солҳои қаблӣ ба хотири афзоиши маҳсулот бештар аз нуриҳои кимиёӣ истифода мебурдем, ки бештари маҳсулот дар фасли зимистон сифати худро гум мекард. Аммо ҳоло ҳосили картошка ба ҳама гуна сардӣ тобовар аст ва онро ба муддати то 6 моҳ захира кардан мумкин мебошад»,-мегӯяд ин деҳқони пуртаҷриба.

Май 30, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд