Дар мақомоти мубориза бо коррупсия чӣ гуна шахсон ба кор бояд қабул гарданд?
ДУШАНБЕ, 03/05/2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд шахсоне ба кор қабул мегарданд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар ин росто 3 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни шарҳи масъалаи мазкур аз минбари Парлумон гуфт, ки лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷомеа аз зуҳуроти нангин ба шумор рафта, ба пешрафти ҷомеа ва амнияти он халал эҷод мекунад. Дар ин росто дар мубориза бо ин вабои аср дар мақомоти марбутаи муборизабаранда бо фасод бояд нафароне фаъолият намоянд, ки дасту дили пок дошта, дар самти хизмат ба Ватан, миллат ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ дар шароити муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ содиқ бошанд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






