Дар масъалаҳои баҳисобгирии таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ мушкилӣ зиёд аст

Май 19, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи VI байналхалқии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар кори  конфронси байналхалқӣ олимону коршиносон аз донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар конференсияи мазкур иштирокчиён «Масъалаҳои ҳолати муосири баҳисобгирии муҳосиботӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон», «Усулҳои ташхиси муфлисшавии корхонаҳои тиҷорати хурд», «Фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон: ҳолат ва дурнамои рушд» ва    «Дороиҳои дарозмуҳлат: баъзе ҷанбаҳои молиявӣ ва баҳисобгирии андоз»-ро  муҳокима намуданд.

Директори иҷроияи Институти ҷамъиятии  муҳосибон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумалик Мирзоалиев   зикр намуд,   ки «5 сол мешавад  мо ин конференсияро баргузор менамоем ва дар он  масъалаҳои муҳими баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, таҳлил ва дигар ҷанбаҳои асосии стандартҳои  байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима менамоем. Бояд гуфт, ки  дар  масъалаҳои ташкили баҳисобгирии таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ дар Тоҷикистон бисёр мушкилӣ мавҷуд аст, ки ин мушкилот дар корхонаҳо бештар эҳсос мешаванд.  Мо кӯшиш мекунем, ки ин масъалаҳоро дар ин ҷамъомад   дида бароем ва пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро омода созем».

Инчунин зикр гардид, ки конференсияи   имсола ба Соли ҷавонон  бахшида шуда, дар он бештар ҷавонон иштирок карданд.

Бояд зикр намуд, ки конференсияи мазкур ду рӯз идома хоҳад кард.

 

 

 

Май 19, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд