Дар натиҷаи заминларза ду хона зарар дидааст

Май 3, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи заминларзае, ки имрӯз соати 09:47 бо вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон рух дод, дар деҳаи Сарғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар диданд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷойи ҳодиса Ситоди ноҳиявӣ фаъолият дорад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як дақиқа ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуд.
Мувофиқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба қайд гирифта шуд. Дар ҳолати аввал заминҷунбӣ 4-5 балл ва дар ҳолати дуюм 6 баллро ташкил дод.
Дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 3 балл баробар буд.

Май 3, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад