Дар шаҳри Хоруғ аввалин бинои нуҳошёна мавриди истифода қарор дода шуд

Май 16, 2017 16:35

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал дар таърихи вилоят бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ иборат аз 63 хона мавриди истифода қарор дода шуд. Ин бино туҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ буда, далели таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Роҳбари давлат ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ин минтақаи кӯҳистони кишвар мебошад.

Тавре Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси ВМКБ хабар дод, ба қисмати аввали бинои нуҳошёна асосан сокинони мавзеъҳое, ки дар ҷойи хонаи онҳо сохтани биноҳои нави таъйиноти гуногун, аз қабили ду бинои 12-ошёна ва як бинои 16-ошёнаи истиқоматӣ, бинои 5-ошёнаи «Амонатбонк» ва 12-ошёнаи «Ориёнбонк», театри вилоятӣ барои ҳазор ҷойи нишаст дар назар аст, кӯчонда шуданд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Ҳокимзода дар маросими ба истифода додани қисмати аввали бинои нуҳошёна иштирок намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Зимни маросими расмии ифтитоҳи бинои баландошёна Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки оғози сохтмони бинои мазкур бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, туҳфаи хубест барои сокинони минтақаи кӯҳистони кишвар, зеро норасоии фонди манзил дар вилоят ва бахусус шаҳри Хоруғ имрӯз яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки танҳо дар семоҳаи аввали соли 2017 бо вуҷуди сарду сербориш омадани зимистону баҳори имсола дар соҳаи сохтмон дар ВМКБ зиёда аз 70 миллион сомонӣ аз худ карда шуд, ки ин аз вусъати корҳои сохтмонӣ дар вилоят гувоҳӣ медиҳад. Дар маҷмӯъ дар давоми соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёд ва мавриди истифода қарор додани 160 адад иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ дар назар аст.

Раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшозода бо нишони қадршиносӣ аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки маҳз бо супориш бевоситаи Роҳбари давлат маблағгузории соҳаи сохтмон дар маркази вилоят сол то сол зиёд гардида, ба бунёди даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун заминаи воқеӣ гузошта мешавад, ки ин омил аз як ҷониб ба таъмини сокинони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кор ва аз ҷониби дигар ба боз ҳам ободу зебо гардидани ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.

Охирин корҳои рангуборкунӣ ва васлу насб дар ду бинои дигари ҳамшафат идома дошта, дар назар аст ин биноҳо  дар арафаи таҷлил аз солгарди 20-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

 

Май 16, 2017 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст