Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав-«Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул мегардад
ДУШАНБЕ, 15.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул карда мешавад. Масъалаи мазкур 15 май дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таҳия гаридааст. Таъкид шуд, ки ҳадафи таҳияи лоиҳаи конуни мазкур фароҳам овардани шароити мусоид ва муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти сайёҳӣ, ба монанди Амрико, Хитой, Япония, Ирландия мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки даромад аз бахши сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон баъд аз нефт ва маводи доруворӣ ҷои сеюмро ишғол намуда, 30 %-и содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2015 дар миқёси ҷаҳон ташрифи сайёҳон 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид ва даромади умумии давлатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудудан 10 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» рӯзҳои наздик аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат қабул гардад.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон масъалаҳо «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи ҳифзи муҳти зист» баррасӣ шуданд.








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






