Дар Тоҷикистон рекламаи машрубот ва тамоку тибқи қонун манъ мегардад
ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ карда мешавад. Дар иртибот ба ин 31 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид намуданд. Тибқи он шахсони воқеию ҳуқуқие, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпарасти барномаҳо буда наметавонанд.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумони мамлакат тавзеҳ дод, гуфт, ки ҳадаф аз ин тағйирот ба танзим даровардани тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонии кишвар мебошад.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шуд, ки тибқи он сарпарастӣ ба бахши барномаҳои ахбор оид ба инъикоси воқеаҳои ҷорӣ дар шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






