Дар Тоҷикистон рекламаи машрубот ва тамоку тибқи қонун манъ мегардад

Май 31, 2017 14:28

ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ  карда мешавад. Дар иртибот ба ин 31 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид намуданд. Тибқи он шахсони воқеию ҳуқуқие, ки машрубот,  тамоку ва  маҳсулоти  тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпарасти барномаҳо буда наметавонанд.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумони мамлакат тавзеҳ дод, гуфт, ки  ҳадаф аз ин тағйирот ба танзим даровардани  тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонии кишвар   мебошад.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумон  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  илова ворид карда шуд, ки тибқи он сарпарастӣ ба бахши барномаҳои ахбор оид ба инъикоси воқеаҳои ҷорӣ  дар шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад.

 

 

Май 31, 2017 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид