Дар Вазорати корҳои дохилӣ доир ба муқовимат ба кирдорҳои коррупсионӣ ҷаласа доир гашт

Май 12, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии селекторӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсат ва шуъбаҳои мустақили мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Ҷараёни ҷаласаро тариқи видео ва аудио ҳамчунин ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мустақиман тамошо карданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ҷаласа доир ба мавзӯъҳои муқовимат бо кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканӣ, қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунанда, сари вақт ба қайдгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, риояи интизоми хизматӣ ва қонуният аз ҷониби ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар самтҳои дахлдор сухан гуфт.

Вазири корҳои дохилӣ барои вусъати фаъолият дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва идомаи корҳои ободонию созандагӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

 

Май 12, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд