Фарҳод Раҳимӣ, президенти АИ Тоҷикистон: «Тасмими расмиеро иғвогуна набояд шинохт»

Май 5, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Изҳороте, ки дирӯз дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таҳти унвони «Чорабинии аксияи «Полки абадӣ» нақшабандӣ нашудааст» нашр гардид, ҳамовозии зиёд ба амал овард. Роҷеъ ба ин изҳорот Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ чунин нигоштааст:
«Хабари иҷозаи расмӣ надодани мақомоти марбутаи Тоҷикистон барои баргузор намудани роҳпаймоии оммавӣ таҳти унвони «Полки абадӣ», ки дар сархати расонаҳои дохилию хориҷӣ қарор гирифта, ба навъе ҳангомабарангез шудааст, аслан нигароникунанда нест. Тасмими мақомоти дахлдори Тоҷикистонро дар робита бо мавқуф гузоштани роҳпаймоии оммавӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ метавон ба чанд далел марбут донист. Аввалан, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ба ҳеҷ ваҷҳ, корнамоиҳои мардуми Шўравиро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) нодида намегирад ва ҳамасола ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифтани ҷашни Ғалаба тадбирҳои судманд меандешад. Гузашта аз ин, мушаххасоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корнамоиву диловарии халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар сангар ва ақибгоҳ, ойини ҷавонмардии ҷомеаи Шўравӣ дар замони ҷанг, шеваи мубориза ва муқовимат бо Олмони фашистӣ, тасмимоти Штаби Генералӣ дар замони ҷанг, иштироки фаъолонаи халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар раванди пирўзӣ бар натсизми ҳитлерӣ, патриотизми миллӣ ва умумимиллии марҳилаи ҷангӣ ва баъдиҷангӣ дар барномаҳои таълимии муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ҷой дода шуда, дар ин замина давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сифати давраи муҳимтарини таърихӣ омўхта мешавад. Бар илова, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатии муқими Тоҷикистон вобаста ба Иди Ғалаба ҳамасола чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, маърифатӣ баргузор менамоянд ва ба ин восита дар бошукўҳ таҷлил гардидани ин ҷашни муҳими таърихӣ саҳми муносиб мегиранд. Тазаккур бояд дод, ки дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ фарзандони Тоҷикистон ҳам фаъолона ширкат варзида, дар паҳлӯи миллату халқиятҳои дигар Ватанро ҳимоят кардаанд. Тибқи омори расмӣ, 270 ҳазор нафар фарзанди Тоҷикистон дар сангарҳои ҶБВ алайҳи олмони ҳитлерӣ ҷангида, 90 ҳазор нафар дар набардҳои хунин ҷони худро аз даст додаанд. Афзун бар ин, 54 нафар фарзанди тоҷикистонӣ сазовори унвони баланди «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» гардиданд. Ин аст, ки мардуми тоҷик аз пирўзӣ дар ин ҷанги хонамонсўз мисли дигар халқиятҳо, аз ҷумла русҳо меболад ва ифтихор мекунад, ки тухми миллигаройии олмонӣ дар шахси Ҳитлер барканда шуд.

Дигар ин ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар арафаи ин ҷашни муҳими сиёсӣ ва таърихӣ ба иштирокчиёни ҶБВ ва нафароне, ки дар замони ҷанг дар ақибгоҳ фаъолият кардаанд, туҳфаҳои молию пулӣ месупоранд, аз сатҳи зиндагии онон бохабар мешаванд, хотираи фавтигонро пос медоранд, кўчаву хиёбонҳо ва муассисаву ташкилотҳои давлатию ғайридавлатиро бо номҳои қаҳрамонони ҶБВ номгузорӣ мекунанд ва хулоса, ҳофизаи таърихии миллат ва мардуми Тоҷикистонро бар мабнои арҷгузорӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҳё месозад.

Сониян, захмҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳанўз пайкари мардуми шарифи Тоҷикистонро мисли дигар халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тарк накардаанд ва ҳанўз модари тоҷик аз дарду сўзи кушта шудагону гумшудагони ҶБВ навҳа мекашад ва афғон мезанад. Дарду захми он ҷанги мудҳиш, ки зиёда аз 50 миллион кушта барҷой гузошт, ҳаргиз қалби мардуми солимақли сайёраро тарк намекунад ва то одаму олам ҳаст, инсоният аз даҳшати он ёд мекунад.

Иллати асосии иҷоза надодани роҳпаймоии оммавии «Полки абадӣ», ки ба муносибати гиромидошти хотираи қурбониёни ҶБВ соли 2011 роҳандозӣ шудааст, шароити муосири сиёсӣ ва мафкуравии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст. Ба хотир меоварем ҳодисаҳои нохушеро, ки дар қалби Урупо (Фаронса, Олмон, Белгия) дар имтидоди солҳои 2015-2016 иттифоқ афтоданд ва  ҳокӣ аз онанд, ки экстремизм ва терроризми динӣ ҳамчун вабои асри бисту як ҷомеаҳои инсониро таҳдид мекунанд. Аз ин гуна таҳдидҳо ҳеҷ як мамлакати дунё эмин нест ва кишвари мо, ки дар миёнаи кашмакашҳои сиёсӣ, динӣ ва мазҳабӣ қарор дорад, наметавонад дар чунин вазъият худро канор бикашад ва ба манзараи воқеоти ноҷӯри минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бетафовутона таваҷҷуҳ намояд.

Мусаллам аст, ки зиёда аз ҳазор нафар ҷавони Тоҷикистон ба гурўҳҳои тундрави мазҳабӣ шомил шуда, дар Ховари Миёна ба ҷангу даргирӣ машғуланд. Набардҳои иттилоотӣ ва расонаии созмонҳои террористӣ ва мубаллиғони сарсахти онҳо, аз ҷумла ташкилотҳои террористӣ дар чанд соли охир фазои солимфикриро дар минтақа мағшуш сохтааст ва авзоъро як дараҷа ҳассос намудааст. Ин мушкил чанд пурсишро ба дунбол дорад: Оё насли ҷавон — размандагони ДИИШ ва дигар гурўҳҳои тундрави динӣ-исломӣ, ки аз ҷониби созмонҳои террористӣ ва кишварҳои дасти дуюму сеюм идора мешаванд, барои амнияти Тоҷикистон хатарзо нестанд? Оё имкони вуруди онҳо ва таҳрик додани гумоштагони онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ вуҷуд надорад? Оё касе кафолат дода метавонад, ки раҳпаймоиҳои оммавӣ, аз ҷумла роҳпаймоии «Полки абадӣ», ки ҳассосияти тундгароҳо ва ифротгароёни мазҳабиро бармеангезад, дар ин шабу рўзи ҳассос ба хатар мувоҷеҳ намегардад? Ва дар ниҳоят, роҳпаймоиҳое, назири роҳпаймоии «Полки абадӣ», ки воқеан зарур аст, аммо, мутаассифона,  шароити феълии кишвар бардошти масъулияташро сад дар сад кафолат дода наметавонад, эҳтимолоти зиёдро дар пай дорад.

Маҳз ба хотири мушкилоти эҳтимолии дар пай доштааш мақомоти марбутаи давлатии кишвари ҷозаи баргузории онро надод. Аз тарафи дигар, қонунҳои амалкунандаи кишвар талаботи худро доранд ва бар асоси қонунҳои дахлдор баргузор намудани чунин роҳпаймоиҳо, бавижа дар шароити ҳассоси феълӣ нақзи қонунгузории дохилӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумат ҳам наметавонад нақзи қонун кунад.

Ба ҳар сурат, иҷоза надодани роҳпаймоӣ маънои алайҳи маъракаи «Полки абадӣ» будани давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро надорад. Аз ин лиҳоз, тасмимоти мақомоти Тоҷикистонро наметавон ба гунаи таниш дар муносиботи мутақобилан судманди ду давлат ва ду халқи бародар – русу тоҷик вошиносонд, ки аслан, чунин нест».

 

Фарҳод РАҲИМӢ,

президенти Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд