Гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» пешниҳоди созандаи сокинони пойтахтро интизор аст

Май 1, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ Ховар/. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 2017 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» таҳия гардида истодааст, ки он бо мақсади банақшагирии стратегии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе, мувофиқасозии мавқею нуқтаи назари мақомоти давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷалби қисмати фаъоли аҳли ҷамоати шаҳр дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр карданд, ки бо ин мақсад дар Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Барномаи зикршуда дар ҳолати таҳия қарор дорад.
«Бо назардошти фикру мулоҳиза ва таклифҳои созандаи сокинони шаҳр ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳодҳои созанда ва креативии сокинони шаҳрро ба Гурӯҳи корӣ тариқи почтаи электронии barnoma2025@mail.ru ё бо телефони 987 — 96 — 00 — 00 интизорем», -афзуд манбаъ.

Май 1, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад