Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон дар назар аст

Май 17, 2017 10:55

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Дар ҷумҳурӣ имрӯз, 17 май  ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар баъзе минтақаҳо ҳавои бебориш пешгӯӣ гардидааст.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  Агентии  обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд,  имрӯз дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳаво қисман абрнок шуда,   дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.   Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона  7-12  ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2  дараҷа гарм шуда, рӯзона 10-15  дараҷа гармӣ пешгӯӣ гардидааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда ва раъду барқ мешавад.  Ҳаво   шабона  16-21, рӯзона 31-36 дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе маврид боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад.  Дар водиҳо гармии ҳаво  шабона 16-21  ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок шуда,  дар баъзе ноҳияҳо   борони кӯтоҳмуддат  ва раъду барқ дар назар аст.  Дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 29-34 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар шаҳри Душанбе  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда,   гармии ҳаво шабона 13-15  ва рӯзона 32-34  дараҷаро  ташкил медиҳад.

 

 

Май 17, 2017 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд