Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: “Нуре, ки оварад нур, аз равзани ҷавонист…”

Май 10, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 10.05.2017./АМИТ “Ховар”/. Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” чунин иброз доштанд: “Итминони комил дорам, ки ҳамаи шумо — муҳандисону мутахассисон ва сохтмончиён бо азму иродаи матин ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷрои саривақтиву босифати корҳои минбаъдаро сарбаландона таъмин мекунед. Шумо, фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос ва ҳамкорону шарикони гиромӣ барои наздик овардани рӯзи таърихии ба кор андохтани ин иншоот шабонарӯз заҳмат кашида истодаед ва натиҷаи заҳмату фаъолияти шуморо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон интизоранд”.

Ин суханон нишонаи эътимод ва боварии  Президенти мӯҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёни ин иншооти азим мебошад, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат такя ба ҷавонони кишвар мекунанд, бовар ба онҳо доранд ва мо мебинем, ки ҷавонони  мо низ бо садоқат, бо эҳсоси самимонаву баланди ватандӯстӣ ба ӯ ҷавоб мегардонанд. Онҳо барои иҷрои мақсадҳои наҷибе, ки Пешвои миллат пешорӯи онҳо гузоштааст, ба ҳама ҷоннисориҳо омодаанд.  Метавон ба ояндаи неки миллат эътимод баст, аз фардои он умедвор шуд, зеро  ин ҷавонон нерӯи бегазанд, пойдеворҳои мустаҳками истиқлолияти мо, зиндагии ободи мо хоҳанд буд.

Тоҷикистони азизи мо ватани ҷавонист ва ин ҳарфҳо на барои зеби сухан гуфта шудаанд. Шумо воқеан бароеду дар кӯчаҳои шаҳру деҳоти мо қадам занед, худ мебинед, ки дар пеши назар амвоҷи хурӯшону ҷӯшони ҷавониву ҷавонон ҷорист, хусусан кӯчаву майдонҳои пойтахт ва шаҳрҳои бузурги  мо аз ҳусну зеби ҷавонӣ чи қадар зебову дилпазиранд. Дар ҳама ҷо: дар майдонҳои кору шуҷоат, дар маъракаҳои муҳими сиёсиву ҳунариву варзишӣ, дар сохтмонҳои азими нерӯгоҳҳо,  нақбҳову роҳҳо,  дар идораҳои соҳаҳои гуногуни илму  фарҳангу маърифат, дар саҳнаҳои ҳунар, дар  боғу саҳро ва майдону киштзорҳо, хулоса дар ҳар гӯшаи  ватан чашматон сараввал ба ҷавонон бармехурад, ҷавононе, ки бо рӯҳияи баланди ватандӯстона машғули кору пайкоранд. Бале, бо рӯҳияи баланд, зеро ҷавонӣ худаш рӯҳбаландист, худаш зебоист, худаш шуҷоат аст.

Аммо ба ин ҳама манзараи зебои пур аз сурату сирати ҷавонӣ нигариста, наметавон гуфт, ки бист-сӣ сол пештар  ё дар замони пеш аз Истиқлолият мисли имрӯз ҳама ҷабҳаҳои кору зиндагии мо намои ҷавонӣ  доштанд ва албатта ин ба шарофати озодиву истиқлолияти кишвар аст, ки  мо  дар сиёсати миллии худ такя ба ҷавонон мекунем. Албатта наметавон ширкату фаъолияти пурсамари  ҷавононро дар он замон инкор кард, хусусан сохтумонҳои машҳури зарбдори ҷавониро дар ҳудуди кишвари Шӯравӣ, аммо касе наметавонад рад кунад, ки иштироки ҷавонон, кор ва фаъолияташон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан дар иҷрои вазифаҳои масъули ҷамъиятиву давлатӣ имрӯз ба маротиб афзудааст.

Рогун 10.05.17

Имрӯз Ватани мо,  Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама Пешвои миллати муътабарамон  Эмомалӣ Раҳмон  такя ба ҷавонон мекунанд. Бовар ва эътимод ба ҷавонони кишвар воқеан ба онҳо рӯҳи нав, ғайрати нав, ангезишҳои нави эҷодкориву бунёдкорӣ додааст. Дар баъзе мавридҳо  ҷавонон  аллакай собит сохтанд, ки онҳо сазовори ин  бовар ҳастанд.

Тоҷикистони соҳибихтиёри мо 25- солагии Истиқлолияти давлатии худро хеле мутантан ва бо шодию шаҳомат  ҷашн гирифт, то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба худи худ нишон диҳад, ки дар зарфи 25 сол кишвари мо, халқи некӯманиши он тавонистаанд истиқлоиятро дар ин кишвар дар пояҳои мустаҳками ватандӯстиву садоқат бунёд гузоранд. Акнун марҳилаи наву масъули бунёди қавитару баландтари кохи Истиқлоият дар пеш аст. Барои фатҳи қуллаҳои баланд, буёдкориҳои азим нерӯву ҷавонӣ ба кор меояд. Ва Пешвои хирадманди миллати мо рӯ ба ҷавонон оварданд. Имрӯз ҷавонони солиму нерӯманду ватандӯст, бо ғайрату муҳаббати дучанд, бо дарки масъулият ба сари кор меоянд, ба иҷрои масъулиятноктарин вазифаҳо сафарбар мешаванд. Ва ин иқдоми Сарвари кишвар, албатта бе замина набуда,  ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ мекунад.

Аввалан, бояд гуфт, ки кишвари мо воқеан дорои боигариҳои зиёд аст,  аз қабили табиати биҳиштосо, захираҳои оби тоза, маъданҳои гаронбаҳои зеризаминӣ, ҳунару фарҳанг, расму оинҳои оламшул ва ғайраву ғайраҳо, аммо боигарии асосиву гаронбаҳояш халқи ҳунарманди он, хусусан ҷавонон, нерӯи ҷавонон, ҳунару истеъдоду садоқати онҳост. Кишвари мо кишвари наврасону ҷавонон аст, зеро синни миёнаи аҳолии кишвар мо 24 буда, беш аз 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дуввум,  ҷавонӣ пеш аз ҳама  нерӯст. Дар он ҷойе, ки ҷавонӣ ҳаст, ишқу умед ҳаст, ғайрату шуҷоат ҳаст, ҷоннисорӣ ҳаст. Ин нерӯ, ин сифатҳо заминаҳое мебошанд, ки имрӯз барои расидан баҳадафҳои баланди миллӣ ба мо заруранд.

Сеюм, ҷавонӣ ҳамеша дили гарм дорад, ҳамеша дар чустуҷӯву дар такопуст, ҷавонӣ ҳамеша эҷодкор аст, ба пеш менигарад ва пеш меравад, ки низ яке аз омилҳои расидан ба ҳадафҳост.

Метавон  бартарӣ ва сифатҳои ҷавониро идома дод. Аммо ба ин зарурат нест, зеро инҳо ҳама маълуму мусалламанд. Албатта далелҳои овардаи мо ҳаргиз чунин маъноро надоранд, ки мо соф такя ба ҷавонон кунему аз баҳри пирон бароем. Баръакс, дар мо масале ҳаст, ки «Бе пир  марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ”.

Ҳаргиз наметавон гуфт, ки сиёсати дастгирӣ аз ҷавонон дар фаъолияти Пешвои миллатамон нав тарҳрезиву амалӣ мешавад. Решаи ин сиёсат  аз рӯзҳои аввали ҳамчун Сарвари давлат ба кор омаданашон  оғоз мегирад. Ҳанӯз дар рӯзи ҳафтодуми сарварӣ 2 феврали 1993 вохӯрии Сарвари давлат бо намояндагони ҷавони ҷумҳурӣ, баъдан 17 марти 1994  дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Сарвари давлат бо ҷавонони кишвар дар он рӯзҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сурат гирифта буданд. Сипас дар вохӯриҳои алоҳида, дар анҷуманҳои ҷавонон Пешвои миллат пайваста дар робита  бо ҷавонон буданд ва барои фароҳам овардани шароити таҳсилу омӯзиш ғамхориҳо зоҳир менамуданд ва имрӯз рӯ ба ҷавонон овардани Сарвари давлат то ҷойе ғалберро аз об бардоштанашон аст, то самараи он ҳама заҳматҳо рӯйи об оянд.

Бале, боигарии ватани мо ҷавононанд. Аммо, агар ин бойигариро шартан тилло ҳисобем, он гоҳ бояд дар бораи сифати ин тилло, то куҷо корхурдаву дар бозори ҷаҳонӣ арзиш доштани он ҳам биандешем. Аммо банда дар асоси далелҳо мегӯям, ки дар ин маврид ҳам Президенти мӯҳтарами мо ҳанӯз аз оғози истиқлоият чораҳо андешидаву иқдомҳо пеш гирифтаанд. Арзиши ин тилло, яъне арзиши ҷавонони моро бешубҳа савияи дониш, фарҳанг, ҳунару таҷриба, таълиму тарбияи гирифтаи онҳо муайян мекунад. Аз ин рӯ, мову шумо хуб медонем, ки соҳае, ки мақоми аввалдараҷа дар ҳадафҳои стратегӣ ва фаъолияти сарварии Пешвои миллати мо дошт, ин мактаб ва маориф, нақши падару модар ва хонавода, яъне он омилҳое буданд, ки сифату қимати шахсияти ҷавонони мо аз онҳо вобастагӣ доштанд. Ҳар имконияти хурдтарине, ки мешуд, Сарвари хирадпешаи кишвари мо дастгирӣ аз мактабу маориф мекарданд, то заминаҳо барои тарбия ва таълими шоистаи наврасону ҷавонони мо гузошта шаванд.

Таъсису ташкили теъдоди зиёди  мактабҳои президентӣ, мактабҳо барои лаёқатмандон, ҳамаҷониба ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимии  кишвар бо компютер ва дигар васоили  таълим, сохтмону таъмири пайвастаи муассисаҳои мактабӣ, бунёди  мактабҳои нави замонавии ба ҳама талаботи муосир ҷавобгӯ, дареғ надоштани маблағ барои нумӯъ ва фароҳам овардани шароит дар соҳаи маориф низ гувоҳи дастгириву ғамхорӣ ба насли наврас аст.

Баъдан Сарвари кишвари мо дар фароҳам овардни шароит дар ҳунаристонҳову макотиби олӣ ғамхориҳои беназир зоҳир мекунанд. Ин аст, ки сатҳи донишомӯзии ҷавонони мо ҳамасола афзоиш ёфта, агар дар соли 1991 дар кишвар 70 ҳазор машғули таҳсил буданд, имрӯз ин теъдод ба 200 ҳазор расида, се баробар афзудааст.

Садҳо нафар ҷавонон тавассути муассисаҳои илмии кишвар соҳиби унвонҳои илмӣ гардиданд. Танҳо дорандагони ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон  ба140 нафар расидааст. Корҳои илмии ин ҷавонон фарогири масъалаҳои гуногуни истеҳсоливу хоҷагидорӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд. Дар хусуси ҳавасмандиҳои зиёди дигар, ки аз ҷониби Пешвои миллат барои ҷавонон зоҳир шудааст, метавон низ сухан кард

Имрӯз бар дӯши ҷавонони мо вазифаҳо муқаддаси ҳимояи марзҳои кишвар ва хидмат дар сафи нерӯҳои  низомии мамлакат  гузошта шудааст, ки барои ҳар ҷавони тоҷик шарафи бузург аст. Пешвои миллати  мо бо ҳузури пайвастаи худ дар қисмҳои ҳарбиву сохторҳои қудратӣ, бо мулоқоту раҳнамоӣ   тавонистаанд, ки  оташи муҳаббату садоқати ватанро дар дили  ҷавонон  фурӯзон кунанд.

Ҷавонони тоҷик дар даврони истиқлолият дастовардҳои шоистае дар соҳаи варзиш ба даст оварда, борҳову борҳо Парчами Тоҷикистони азизи моро дар баландиҳои саҳнаҳои ҷаҳонӣ  ҷилвагар намуданд. Дар давоми солҳои 2011-2015 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 медали тилло, 759-нуқра ва 1175 биринҷӣ ба кишвар армуғон оварданд.

Ҳамасола сафи хидматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон дар мақомоти гуногун афзоиш ёфта, ҳоло теъдоди ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ 50 фоизро ташкил дода, 23 фоизи дигар дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Ҷавонони мо бо ҳама масъулият аз пайи иҷрои фармудаҳои Пешвои миллатанд. Ин фармудаҳо дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, аз ҷумла,   чуин садо доданд:

“ Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешиҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва  нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.”

Сиёсаи хирадмандонаи Пешвои миллат, дастгирӣ аз ҷавонони кишвар, онҳоро ба  майдонҳои сиёсиву иҷтимавиву фарҳангӣ роҳ додан, ғамхориву дастгириҳои  пайвастаи онон имрӯз набзи зиндагӣ ва рӯзгори кишварро нерӯи ҷавонӣ бахшидааст. Имрӯз мо ҳама ҷавонем, нерӯву ғайрати ҷавонӣ дорем, зеро Тоҷикистон ҷавон аст, Тоҷикистон Ватани ҷавонист, зеро Сарвари кишварамон бо ҷавонон ва ҷавонон бо ӯянд. Имрӯз мо ҳама бо муҳаббату садоқати баланди ватандӯстона зиндагӣ мекунем, зеро Пешвои миллати мо чунин зиндагӣ мекунанд. Имрӯз мо ҳама бовар ба худ ва ояндаи ватан дорем, зеро соҳиби  худ, соҳиби обу замини худ, соҳиби истиқлолияти худ ҳастем. Миллати хайрхоҳем, миллати сулҳҷӯем, миллати башардӯстем ва мисли  Сарварамон, мисли чашмаҳову рӯдҳои зулоламон паёми покӣ ба аҳли дунё мерасонем.

 

Имрӯз меҳани мо худ меҳани ҷавонист,

Файзу шукӯҳу арҷаш дар домани ҷавонист.

Пероҳане, ки зебост бар  қомати ҳама кас,

Пероҳани муҳаббат, пероҳани ҷавонист.

Пирӣ намепазирад ин меҳани куҳанбум,

Зеро диле, ки дорад, андар тани ҷавонист.

Рӯзу шаби ману ту  пурнуртар бигардад,

Нуре, ки оварад нур аз равзани ҷавонист.

Ҳар сӯ назар бидӯзам, дар чеҳра гул шукуфта,

Ин гулфишони шодӣ аз гулшани ҷавонист.

Гармӣ расад ба ҷонам аз дидаҳои рӯшан,

Ин оташи мунаввар аз гулхани ҷавонист.

Ман эътимод дорам бар ҳосили фузунаш,

Ризқе, ки дода Додор аз хирмани ҷавонист.

Сад ман умед дорам ман аз нумуъи меҳан,

То як тани ҷавонист, то як мани ҷавонист.

Ман аз дифоъи меҳан ҳастам ҳамеша дилпур,

То дар канори меҳан ин ҷавшани ҷавонист.

 

                                                                       Камол НАСРУЛЛО,

                                                                 Шоири халқии Тоҷикистон,

                                                             ходими адабии АМИТ “Ховар”

 

 

 

Май 10, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид