Кирмакпарварони Конибодом ба пилласупорӣ шурӯъ намуданд

Май 20, 2017 09:21

ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ Ховар/. Кирмакпарварони шаҳри Конибодом дар вилояти Суғд яке аз аввалинҳо шуда, ба пилласупорӣ шурӯъ намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба АМИТ хабар доданд, дар мавсими имсола кирмакпарварони шаҳр парвариши 1920 қуттӣ тухми кирмакро дар 2 ҳазору 858 хоҷагӣ ба роҳ монда буданд. Парвариши кирмак дар ҳудуди ҳамаи 6 ҷамоати деҳот бо риояи  қоидаҳои агротехникии парвариши кирмак ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуд.

Дар ҷараёни қабули ҳосили аввали пилла раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, масъулони соҳа ва намояндаи ширкати сармоягузори ватанӣ- ҶДММ  «Тоҷсилк» Қодир Абдулло иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали қабули пилла ҷамъ аз 25 қуттӣ кирмак 1480 кг пилла супорида шуд, ки ҳосилнокии ҳар қуттӣ ба 59,2 кг  баробар аст.

 

Май 20, 2017 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд