Китобҳои арзишманди Пешвои миллат метавонанд дар ташаккули афкори ҷавонон нақши муассир гузоранд

Май 25, 2017 13:57

ДУШАНБЕ, 25.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши асарҳои илмӣ-оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди афкори ҷавонон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи муштараки илмӣ -амалӣ баргузор гардид.

Зоир Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки  «гузаштагони мо  дар эҷодиёти худ нисбат ба афзалияту моҳияти китоб-  ин ганҷинаи бебаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки мутолиаи он аз манфиат холӣ нахоҳад  буд.  Бо назардошти омилҳои мазкур Пешвои миллат дар масъалаҳои гуногуни ҷомеа  ва таърихи халқамон китобҳои зиёд ба нашр расониданд, ки омӯзиши саривақтии онҳо дар ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳамзамон тақвияти афкори ҷавонон нақши арзишманд мегузорад».

Дар конференсияи муштараки илмӣ-амалӣ,  ки ба ифтихори Соли ҷавонон  доир гардид, иштирокдорону маърӯзакунандагон   асосан ҷавонону донишҷӯён буданд. Дар конференсия  доир ба  китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён», «Забони миллат — ҳастии миллат», «Ҷавонон- созандагони фардои ҷомеа» ва  «Чеҳраҳои мондагор» музокира сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар Конференсияи муштараки илмӣ -амалӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, намояндагон аз Парлумон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва  донишҷӯёну ҷавонони фаъоли кишвар ширкат намуда, андешаҳои худро зимни музокираҳо изҳор доштанд.

Ба андешаи муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова,  ҳадафи конференсияи муштараки илмӣ-амалии «Нақши асарҳои илмӣ-оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди афкори ҷавонон»-  ин бедор намудани завқи  ҷавонон ба омӯзиши китобҳои илмиву бадеӣ, таблиғу аз бар намудани китобҳои арзишманди Пешвои миллат мебошад, ки он метавонад дар ташаккули афкори ҷавонон нақши муассир гузорад.

IMG_0016

 

Май 25, 2017 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд