Китоби “Дастур-ул-илоҷ” пас аз 500 сол дар ихтиёри хонандагони тоҷик қарор мегирад

Май 30, 2017 11:50

ДУШАНБЕ, 30.05.2017./АМИТ «Ховар»/. “Дастур-ул-илоҷ”- асари табиб ва нависандаи машҳур Султон Алии Хуросонӣ, ба зудӣ ба хатти кириллӣ дар дастраси хонандагон тоҷик қарор мегирад. Дар ин бора агентии «Pars Today» хабар додаст.
Тавре Раҷабалӣ Додихудоев, сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори ин агентӣ гуфтааст, нусхаи хаттии “Дастур-ул-илоҷ” тавассути кормандони шуъбаи мазкур аз форсӣ ба кириллӣ баргардон ва омодаи чоп шудааст ва ба зудӣ дастраси хонандагон қ хоҳад шуд.
Ба андешаи пажӯҳишгарон, табиби машҳур Султон Алии Хуросонӣ, муаллифи “Дастур-ул-илоҷ”, ин китоби арзишмандро дар замони Шайбониён ва дар даврони ҳукумати Бўмансур Кучкончихон маъруф ба Кучумхон (вафоташ 936 ҳ.қ.), ба дастури писари ӯ Абўлғозӣ Султон Абўсаид Баҳодурхон пас аз чиҳил соли мутолиа ва таҳқиқ дар соли 933 ҳ.қ (1526 мелодӣ) ба риштаи таҳрир даровардааст.
“Дастур-ул-илоҷ” аз муқаддима, ду мақола ва 32 боб ташкил шудааст. Дар ин китоб дар бораи тиб, ҳифзи саломатӣ ва давои беморҳо маълумоти зиёде дарҷ шуда, андешаҳо дар мавриди андомҳои инсон, набз, танаффус, таваллуд ва марг ва ғайра низ баён гаштааст.
Асари мазкур, ки дар фонди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳ дошта мешавад, комил буда, аз 340 саҳифа иборат аст. Асари мазкур яке аз дастовардҳои бузург дар илми тиб маҳсуб ёфта, донишҷўён, аспирантон ва таҳқиқотчиёни соҳаи тиб метавонанд аз он истифода баранд.

Май 30, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст