Кормандони Раёсати адлияи ВМКБ дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба бинои сеошёна мекӯчанд

Май 13, 2017 12:08

ХОРУҒ, 13.05.2017. /АМИТ  «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб ҷараён доранд. Муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуҷаназар» Хушмамад Мародмамадов мегӯяд, ки «бино аз се ошёна иборат буда, таҳхона ва қабати аввали он сохта шудаанд ва ҳоло коргарон ба бунёди  ошёнаи сеюми бино машғул мебошанд. Арзиши умумии сохтмон каме бештар аз 3 миллион аст ва онро Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҷудо намудааст. Масолеҳи сохтмониро сари вақт аз шаҳри Душанбе мефиристанд ва мутобиқи нақша он дар арафаи 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад».

Барои бунёди бинои мазкур 22 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шудаанд ва аксарияти онҳо соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мебошанд, ки қаблан дар бунёди чандин иншооти таъйиноти гуногун саҳм гузоштаанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати адлияи вилоят Зиёратшоҳ Ғайратшоҳзода, ин бино дорои 21 утоқи корӣ ва ду маҷлисгоҳ буда, дар ошёнаи якуму дуюм кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, иҷрочиёни суд ва нотариалии вилоят ҷо мегиранд. Ошёнаи сеюм дар ихтиёри кормандони Раёсати адлияи вилоят мебошад.

Сардори Раёсати вилоят гуфт, ки ҳоло сохтмони бино барои кормандони  бахши ноҳиявии ин Раёсат дар ноҳияи Мурғоб низ бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ  идома дорад ва  бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Суғд-СХ» тасмим гирифтаанд, ки онро дар семоҳаи сеюми соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

 

Май 13, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд