Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳаи «Кумаки техникӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи дастгирии рушди инсонӣ II татбиқ мегардад.
Муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода дар бораи афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ислоҳоти татбиқшаванда, натиҷаҳо ва қадамҳои минбаъда барои рушди соҳа маълумот дода, ҳамзамон аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор барои дастгирӣ ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи муваффақонаи ислоҳоти соҳа даъват ба амал овард.
Роҳбари Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кумаки техникӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» мақсадҳои асосӣ, вазифаҳо ва натиҷаҳои пешбининамудаи лоиҳаи мазкурро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Бояд гуфт, ки лоиҳа муддати се сол фаъолият намуда (аз январи соли 2017 то январи соли 2020), ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ, дурнамои актуарӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандон кумак менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






