Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе наврасону ҷавононро ба китобхона аъзо намуд

Май 12, 2017 17:01

ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамоиши навбатии «Китоб ганҷинаи бебаҳо, сарчашмаи дониш, махзани хираду заковат», ки дар   Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт баргузор гардид, сухан аз боби китоб ва муаррифии бештари Китобхона буд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шурӯъ аз аввали моҳи май тасмим гирифт, ки ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахтро аъзои ин даргоҳи маънӣ гардонад ва онҳоро ба китобхонӣ ҷалб намояд.

Мулоқоти навбатӣ дар толори калонтарини Китобхона баргузор шуд ва дар он зиёда аз 300 нафар донишҷӯён ва хонандагон иштирок намуданд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов гуфт, ки ҳадафи вохӯрӣ ошноии насли наврас ва ҷавонон бо он шароитест, ки имрӯз дар Китобхона фароҳам омадааст.

Директори Китобхона Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар бораи фаъолияти китобхона ва шуъбаҳои марбутаи он маълумот дода, иштирокдоронро бо толорҳои хониш, шуъбаҳо ва китобҳои нодир шинос намуд ва  онҳоро ба китобхонӣ ташвиқ кард.

Тавре мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов иброз намуд, то имрӯз наздики 3000 нафар наврасону ҷавонон аъзои китобхона гардидаанд.

Бино ба иттилои  Ҷамшед Олимов, чунин ҳамоишҳо ҳафтае ду маротиба дар толори калони хониши ин муассиса баргузор гардида, дар он оид ба нақши китоб дар рушду инкишофи зеҳнии ҷавонон сухан ронда мешавад. Ҳамоишҳо то охири моҳи май идома ёфта, масъулин ният доранд 4000 нафарро ба Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аъзо намоянд.

 

 

Май 12, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст