«Масъалаҳои мубрами лаҳҷашиносӣ ва номшиносии тоҷик»-конфронси ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Май 22, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ҷавонон  ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 20 май дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзӯи  «Масъалаҳои мубрами лаҳҷашиносӣ ва номшиносии тоҷик: дастовард ва дурнамо» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор шуд.

Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон хабар доданд. Ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуд, ки «дар раванди таҳқиқи мавзӯъҳои забоншиносии муосир ва хосатан, лаҳҷашиносӣ  ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу  ташвиқ намудани ғояи Ваҳдати миллӣ  амри заруриву ҳаётӣ мебошад. Зеро комёбиҳое, ки имрӯз олимону мутахассисони тоҷик  дар самти забоншиносӣ, аз ҷумла лаҳҷашиносӣ ва номшиносӣ ба даст овардаанд, маҳз дар заминаи пайомадҳо ва фазои созгоре, ки  бо шарофати ҳамин санаи муҳими таърихӣ фароҳам омадаанд, муяссар гардидаанд.

Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои мубрами лаҳҷашиносӣ ва номшиносии тоҷик: дастовард ва дурнамо», «Номшиносӣ», «Лексикаи маросимии лаҳҷаи Панҷакент», «Топонимияи дараи Камароби ноҳия Рашт», «Таълими забони тоҷикӣ дар муҳити забонҳои бе хат (дар мисоли забони шуғнонӣ) аз ҷониби забоншиносону лаҳҷашиносон маърӯзаҳо шунида шуданд.

Май 22, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад