«Масъалаҳои мубрами лаҳҷашиносӣ ва номшиносии тоҷик»-конфронси ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 20 май дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами лаҳҷашиносӣ ва номшиносии тоҷик: дастовард ва дурнамо» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор шуд.
Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон хабар доданд. Ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуд, ки «дар раванди таҳқиқи мавзӯъҳои забоншиносии муосир ва хосатан, лаҳҷашиносӣ ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ намудани ғояи Ваҳдати миллӣ амри заруриву ҳаётӣ мебошад. Зеро комёбиҳое, ки имрӯз олимону мутахассисони тоҷик дар самти забоншиносӣ, аз ҷумла лаҳҷашиносӣ ва номшиносӣ ба даст овардаанд, маҳз дар заминаи пайомадҳо ва фазои созгоре, ки бо шарофати ҳамин санаи муҳими таърихӣ фароҳам омадаанд, муяссар гардидаанд.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои мубрами лаҳҷашиносӣ ва номшиносии тоҷик: дастовард ва дурнамо», «Номшиносӣ», «Лексикаи маросимии лаҳҷаи Панҷакент», «Топонимияи дараи Камароби ноҳия Рашт», «Таълими забони тоҷикӣ дар муҳити забонҳои бе хат (дар мисоли забони шуғнонӣ) аз ҷониби забоншиносону лаҳҷашиносон маърӯзаҳо шунида шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






