Минбаъд пинҳон доштани вазъи молу мулки аъзои Ҳукуматро мақомоти салоҳиятдор санҷида ва ошкор мекунанд

Май 17, 2017 15:30

       ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола  доир ба даромадҳо, вазъи молу мулки худ ва аъзои оилаашон эъломия пур карда, онро ба мақомоти андози кишвар пешниҳод менамоянд. Дар робита ба ин 17 май вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар мавриди  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул карданд. Инчунин тибқи ин тағйирот агар аъзои Ҳукумат дар эъломия  доир ба даромад ва вазъи молу мулкашон  маълумоти бардурӯғ навишта ё онро пинҳон доранд, амали  онҳо аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, пинҳонкории онҳо ошкор карда мешавад.

Амрихудо Дамдоров, вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки  ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон  тибқи ин тағйирот аз ин ба баъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳангоми вайрон кардани савганд ба Президент ба ҷавобгарии интизомӣ  кашида мешаванд.

 

Май 17, 2017 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ