Минбаъд пинҳон доштани вазъи молу мулки аъзои Ҳукуматро мақомоти салоҳиятдор санҷида ва ошкор мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола доир ба даромадҳо, вазъи молу мулки худ ва аъзои оилаашон эъломия пур карда, онро ба мақомоти андози кишвар пешниҳод менамоянд. Дар робита ба ин 17 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул карданд. Инчунин тибқи ин тағйирот агар аъзои Ҳукумат дар эъломия доир ба даромад ва вазъи молу мулкашон маълумоти бардурӯғ навишта ё онро пинҳон доранд, амали онҳо аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, пинҳонкории онҳо ошкор карда мешавад.
Амрихудо Дамдоров, вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон тибқи ин тағйирот аз ин ба баъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вайрон кардани савганд ба Президент ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






