Молҳои маишӣ ва техникии ба таври қочоқ вориднамудаи «Наим» ошкор гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик дар шимоли кишвар ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ молҳои маишӣ ва техникиро, ки тариқи қочоқ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд, ошкор намуданд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи автомобилгарди «Конибодом — Хуҷанд» воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес — бенc атего», рақами қайди давлатиаш 2119 АО 02, ки аз ҷониби шаҳрванди 31-солаи кишвар Ю.М., сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идора мегардид, 29 адад молҳои маишӣ ва техникӣ, аз қабили тафдон, плитаи электрикӣ, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ ошкор ва мусодира гардид. Молҳои мазкур ба шахси номаълум бо номи «Наим» тааллуқ дошта, номбурда онҳоро бидуни назорати гумрукӣ ғайриқонунӣ тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст.
Нисбат ба «Наим» дар асоси моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шудааст.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






