Муҳаммад Масум Станикзай: «Неруҳои амниятии Афғонистон барои суботу оромӣ дар сарҳад пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд»

Май 17, 2017 14:40

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистону Афғонистон дар баробари равобити хуби фарҳангӣ ва дӯстии таърихӣ, инчунин дар мубориза бар зидди терроризм низ муштаракоти якҷоя доранд»,- таъкид дошт имрӯз пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзай.

Ба гуфти Муҳаммад Масум Станикзай, мақсади сафар- ин тақвият бахшидани равобити иқтисодӣ, наздисарҳадӣ ва амниятии байни ду кишвар мебошад, ки барои суботу оромии мардум равона шудааст.

Зимни мулоқот инчунин оид ба ниёзмандии ҷониби Афғонистон баҳри тақвияти муборизаи муштарак ва қавӣ бар зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ибрози назар шуд.

«Ҳамкории мо дар бахшҳои сарҳадӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Амалиёте, ки неруҳои амниятии Афғонистон вақтҳои охир дар вилоятҳои наздисарҳадӣ анҷом доданд, пеш аз ҳама, барои таҳкими амният дар ин манотиқ равона гардиданд», — гуфт дар анҷом Муҳаммад Масум Станикзай.

 

 

Май 17, 2017 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд