Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун”
ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи боздиди корӣ дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншооти муҳим — Неругоҳи барқи обии Роғун бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҳамаи бунёдгарони иншооти тақдирсоз барои заҳмати содиқона ва азму субот баҳри бардоштани пешдарғот ва вусъати корҳои созандагӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки давоми шаш моҳ, шурӯъ аз рӯзи дигар кардани маҷрои дарёи Вахш барои бунёди пешдарғот корҳои назаррас ба иҷро расидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки неругоҳ дар таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши бисёр муҳим мегузорад. Ҳамчунин обанбори неругоҳ барои пешгирии ҳодисаҳои фавқулода, танзими бисёрсолаи истифодаи манбаъҳои оби минтақа, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзӣ ва азхудкунии садҳо ҳазор гектар заминҳои нав хизмат мерасонад.
Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулин ва пудратчиёнро вазифадор карданд, ки корҳои сохтмониро бо роҳи пурра сафарбар намудани техникаву таҷҳизот тибқи нақша ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд, инчунин иҷрои саривақтию босифати сохтмонро мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин созанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба ҷараёни иҷрои корҳо баҳри дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани агрегатҳои аввал ҷалб намуданд.
Зимни суханронӣ оид ба иҷрои корҳо ва нақшаи тадбирҳои бунёдӣ дар иншооти муҳим супориш дода шуд, ки масъалаи харидории таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.
То имрӯз барои сохтмон ва барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот шуда, соли ҷорӣ дар буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Истифодаи хатти конвейерӣ дар бунёди пешдарғот яке аз роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағ ва техникаи сохтмонӣ дар бунёди сарбанд маънидод гардид.
Таъкид гардид, ки дар баробари корҳои асосии сохтмону васлкунӣ минтақаи зериобшаванда низ бояд омода карда шавад. Дар ин раванд, корҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ ва муҳайё намудани шароити зарурии зист барои муҳоҷирон дар ҷойҳои нави зист бояд вусъат бахшида шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронии хеш бо итминон иброз доштанд, ки муҳандисону мутахассисон ва сохтмончиён бо азму иродаи матин ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷрои саривақтиву босифати корҳои минбаъдаро сарбаландона таъмин мекунанд.









Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд






