Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси
ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 20 майи соли 2017 дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси мулоқот намуданд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Миср мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор доштанд, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ назари нек дорем ва Мисрро яке аз кишварҳои меҳварӣ дар минтақа медонем.
Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси дар рафти мулоқот ба қобилияти сулҳоварию пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «мо ба шахсият ва талошҳои ибратбахши шумо эҳтироми хос дорем».
Ҳарду ҷониб зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмиро таъкид намуданд.
Бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Бо ёдоварӣ ба зарарҳои ба ҳам монанде, ки ҳарду кишвар аз терроризму ифротгароӣ, сиёсатҳои дугона ва дахолатҳои хориҷӣ дар таърихи муосири худ рӯй ба рӯй шудаанд, ҳарду ҷониб ба табодули маълумоти махсус ва таҷрибаи фаъолияти зиддитеррористии ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар охири суҳбат, ки дар фазои басо гарму дӯстона сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ Абдулфаттоҳ ас-Сиси даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






