Мулоқоти С.Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Май 17, 2017 15:27

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид  мулоқот намуд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд.

Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд. С.Аслов ва Ҳ.Шмид оид ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкории минтақавӣ табодули назари судманд доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2030, инчунин ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 изҳори умедворӣ кард.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

 

 

 

Май 17, 2017 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд