Мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни донишҷӯён оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар оғоз шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мусобиқа зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуда, зӯру тавони худро аз рӯйи 10 намуди варзиш месанҷанд.
Мусобиқа давоми рӯз идома ёфта, донишҷӯён аз рӯйи намудҳои ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников, ҳаво додани норинҷак, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, бандкашӣ, сангбардорӣ аз рӯйи вазни 24 кг ва эстафетаи даставӣ сабқат мекунанд.
Мақсад аз баргузории ин гуна мусобиқаҳо- тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон дар байни донишҷӯён ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, омода шудан ба ҳимояи марзу буми кишвар, таблиғи тарзи ҳаёти солим, нафрат ба нашъамандӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳо ва равияҳои динӣ-экстремистӣ ва бунёдгаро мебошад.








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






