Нақши ҷавонон дар татбиқи Қонуни танзим: маблағҳои сарфашуда бояд барои рушди сармояи инсонии навҷавонону кӯдакон равона гарданд

Май 31, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 май роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар татбиқи Қонуни танзим» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор намуд.

Тавре аз Маркази исломшиносӣ хабар доданд, ҳамоиш ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд. Дар иртибот ба ҷараёни татбиқи талаботи ин Қонуни миллӣ, дастовардҳо ва мушкилоти ҳанӯз ҷойдошта гузориши илмии директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода зери унвони «Перомуни бозандешӣ дар танзими ҷашну маросимҳо» шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки «яке аз падидаҳои хотирмон дар шароити истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабули ҳамин Қонуни сарнавиштсоз буд. Дар шароити ҷумҳурии мо бартарият, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ин Қонун дар он ифода гардид, ки ин масъала бо ҷалби доираи васеи мутахассисон, ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа ва одамони касбу корҳои гуногун аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҳамаҷониба мавриди баррасӣ, радду бадал ва мубоҳисаву натиҷагирӣ қарор дошт. Омӯзиши масъала дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бисёр бозёфту пешниҳодҳои самимӣ ва андешаҳои аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии мардум созандаро ошкор кард, ки онҳо дар маҷмӯъ барои таҳияи як санади мукаммали меъёрию ҳуқуқӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд».

Бо овардани рақамҳои оморӣ таъкид гардид, ки баргузории ҷашнҳои арӯсӣ ва хатнасури кӯдак ҳоло тамоюли маъмул шудан дар муҳити чорабинии оилавиро пайдо карда истодааст. Бояд ҳамин тавр ҳам бошад ва зарур аст, ки ин раванди мусбат ҳамаҷониба тарғиб карда шавад ва маблағи аз ин ҳисоб сарфашуда барои рушди сармояи инсонии навҷавонону кӯдакон равона гардад.

Ба ақидаи коршиносони Марказ, воқеият ва марҳалаи сипаришуда собит намуд, ки дар роҳи ҳалли масъалаи танзими ҷашну маросимҳо омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва равонии шахшудае вуҷуд доранд, ки бартараф намудани онҳо осон нест ва аз ниҳодҳои дахлдор зарурати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро тақозо менамояд.

Матни комили гузориши зикршуда дар сомонаи Маркази исломшиносӣ (www.mit.tj) гузошта мешавад.

 

 

Май 31, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст