Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар Конфронс бахшида ба Идораи масоили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 15 май Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Конфронс бахшида ба идораи масоили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Оттаваи Канада иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намояндаи доимӣ зимни изҳори назар оид ба таҳдиду чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба ташаннуҷи вазъ ва густариши умумии терроризм, паҳншавии зӯроварӣ, нобаробарии иқтисодӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, афзоиши мушкилоти демографӣ, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим, идораи обҳои фаромарзӣ ва ғайра таъкид намуд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур талошҳои муштаракро дар минтақаи Осиёи Марказӣ зарур арзёбӣ намуд.








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






