Навсозии роҳҳо дар кӯчаи Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бомаром идома дорад

Май 5, 2017 16:03

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони соҳибкорони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 доир гардида буд, чанд тан аз соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтанд, ки дар сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои пойтахт саҳми арзанда гузоранд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, корҳо дар ин самт ҳанӯз ду моҳ қабл оғоз ёфта, ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои пойтахт бомаром идома доранд ва то рӯзи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба сомон расонида мешаванд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегарданд.
Аз ҷумла, соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Роҳи тоҷик» навсозии 40 километр роҳҳои пойтахтро дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба уҳда гирифтааст. Соли 2017 — 20 километри роҳҳо ва боқимондаи он соли 2018 бунёд мегардад.
Ҳамчунин дар доираи ин тарҳ асфалтпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, ивазкунии иншооти обпартову обгузар, чароғонкунии роҳ ва гулзоркунии шафати роҳҳо дар кӯчаҳои мазкур дар назар дошта шудааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ба сомон расонида мешаванд.
То ин дам дар дар кӯчаҳои мазкур 5 километр роҳҳо бо сифати баланд мумфарш гардида, боз чандин роҳравҳои он барои асфалтпӯш намудан омода гардида истодаанд.
Хотиррасон менамоем, ки баробари роҳҳои асосӣ, ҳамчунин 50 роҳрави дигар, ки ба кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шомиланд, мавриди таъмиру таҷдид қарор доранд.
Тавре масъулин ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр карданд, роҳсозон талош доранд, ки то муҳлати муайяншуда дар кӯчаҳои мазкур таъмиру таҷдиди роҳҳоро босифат анҷом дода, бо назардошти муосиртарин талаботи роҳсозӣ мавриди истифода қарор диҳанд.

Рухсораи НУР

Май 5, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад