Ҷонибдории пешниҳодҳои Президент аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба бозхонд ва интихоби судяҳо
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 май дар Душанбе доир гардид, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардиданд.
Бо пешниҳодҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Шоҳиён аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Абдуллозода аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ, Ховар Назарзода, Раҳмоналӣ Исмоилзода ва Исмоил Раҳимзода аз вазифаҳои судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардиданд. Инчунин дар асоси пешниҳодҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ Зокирҷон Аминзода муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Абдуллозода судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Азиззода судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Сӯҳроб Саид, Ҷалолиддин Азизӣ, Мансур Қаландарзода ва Нурулло Нуриддинӣ судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






