«Ошноиро зи об омӯхтем»-шарҳи матбуот

Май 25, 2017 16:41

ДУШАНБЕ, 25.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (23.05.2017, №103) Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, нашр кардааст. «Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз ҷавонони имрӯза вобаста мебошад. Зеро мо – насли калонсол ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар анҷом дода истодаем» — омадааст дар Паёми Сарвари давлат ба ҷавонони саодатманди кишварамон. Президенти мамлакат ҳамчунин таъкид карданд, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Бинобар ҳамин ҷавонони моро мебояд пайваста «донишҳои сиёсиашонро такмил диҳанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошанд».

Воқеан ҳам, Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 насли ҷавонро вазифадор месозад, ки дар роҳи андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату неруи ҷавонӣ ва қадамҳои устувор пеш раванд. Бояд гуфт, ки имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат муҳташаму хотирмон ҷашн гирифта шуд, даҳҳо мусобиқаҳои варзишӣ, суҳбату вохӯриҳо ва дигар тадбирҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Нашрия ҳамчунин оид ба баргузор шудани ҷаласаи раёсати Шӯрои уламо дар Маркази исломии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон хабарҳои муфассал нашр кардааст. Бояд гуфт, ки бо қарори ҷаласаи раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазон 27-уми май тасдиқ гардид. Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   роҳбарону масъулони КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои «Деҳқон», «Саховат» ва «Шоҳмансур» муваззаф гардиданд, ки то барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал шароит фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта дар моҳи шарифи Рамазон озод намоянд.

«Ҷумҳурият» (24.05.2017, №104) аз ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар варзишгоҳи марказии пойтахт гузориши муфассал нашр карда, матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷамъомади идона бо сарлавҳаи «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонони Тоҷикистон!» пешкаши хонандагон кардааст. Нашрия инчунин мақолаи Муҳтарам Ҳотамро оид ба кору зиндагӣ ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо сарлавҳаи «Қаҳрамон ё ҳомии манфиатҳои миллӣ» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Танҳо Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ном, кору пайкори бунёдкоронаву  созандаи Нусратулло Махсум ва ҳамсафонашро зинда гардонду қадршиносӣ намуд. Зеро Ватани азизу ягонаамон – Тоҷикистон, ин марзбуми муқаддас, ёдгори беназири ниёгони ҳикматёри мост, ки ба ивази ҷонбозиҳои падару бобоён ба мо мерос мондааст».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (23.05.2017, 57) аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва ИМА гузориши васеъи матбуотӣ чоп кардааст. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 20 майи соли 2017 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ мулоқот карда, 21 май дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид карданд, ки «истифодаи сиёсати «меъёри дугона» яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда буда, бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд».

Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед, бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ, бо Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Адбулазиз Оли Сауд, бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп, бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир, бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, бо Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён, бо Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо Оли Халифа ва бо Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдураззоқ мулоқотҳои судманду самимӣ ва созанда баргузор карданд.

Бешак мулоқотҳои анҷомдодаи Сарвари давлат баҳри рушду густариши муносибатҳои байналмилалии мамлакатамон ва боз ҳам боло рафтани эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (25.05.2017, №21) бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат фикру мулоҳиза ва табрикоту таманниёти шоирон Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Рустам Ваҳҳобзода, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзодаро нашр кардааст. Дар саҳифаи назм 65 байти шоир Муҳтарам Ҳотам таҳти сарлавҳаи «Иқтидори миллат андар ваҳдат аст» чоп шудаанд, ки яке аз ин байтҳо чунин аст:

Мо ба ваҳдат шамъҳо афрӯхтем,

Ошноиро зи об омӯхтем.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаҳои таҳлилии «З такон дар ҷомеа», «Вабо»-и чорво дар Панҷакент», «Қонуни танзим, либоси арӯс кам шаваду вақти маърака тағйир ёбад», «Бадахшон, нишастанду гуфтанду рафтанд» ва вокуниши вазорату кумитаҳои дахлдорро ба мақолаҳои қаблан дар саҳифаҳои нашрия дарҷшуда чоп кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (24.05.2017, №21) мақолаву гузоришҳои зерин: «Ҳадафҳои олии ҲХДТ», «Ояндаро бо ҳам месозем», «Тағйиру иловаҳо ба 26 қонун», «Дастгирии созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон», «Чеҳраи дигари амири ланг», «Рамазон меояд», «Пажӯҳиши афкори адабии тоҷикӣ дар солҳои ҷанг» ва дигар маводи матбуотиро нашр кардааст, ки аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

                                                            А.САНГЗОДА

Май 25, 2017 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард