Пан Юнхе бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пан Юнхе, раиси комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин 15 май бо ҳайати баландпоя ба Тоҷикистон меояд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳамадато Султонов, Пан Юнхе зимни сафари корӣ ба Душанбе бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.
Интизор меравад, ки Пан Юнхе ва ҳамроҳонаш ба тамошои Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», майдони «Дӯстӣ» ва боғи Устод Рӯдакӣ раванд.
Меҳмонон ҳамзамон ба шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон сафар намуда, аз Неругоҳи барқи обии Норак ва корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент» боздид менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






