Паёми Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Май 26, 2017 18:00

26.05.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон — айёми сабру таҳаммул ва матонату парҳезгорӣ фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик мегӯям ва дар ин моҳи хайру эҳсон ва файзу баракат ба хонадони ҳар кадоми шумо осоишу оромӣ орзу менамоям.

Барои пайравони дину мазҳабҳои гуногун, бахусус, дини мубини ислом рӯзадорӣ ифодаи ғолибияти рӯҳ бар ҷисм ва худдориву парҳез кардан аз амалҳои зишт мебошад.

Рӯза илова ба тақвияти ирода, инсонро ба ростқавливу накӯкорӣ ва умуман анҷом додани амалҳои писандида раҳнамоӣ мекунад.

Аз ин лиҳоз, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад, тарзи мукаммали парҳезкорӣ шуморида мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ айёми анҷом додани корҳои хайру савоб, аз ҷумла дар бобати дастгирии ниёзмандону дармондагон ба ҳисоб меравад.

Лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст.

Илова бар ин, анҷом додани корҳои неку писандида ва саховату ҳиммат, худдорӣ кардан аз зиёдаравию исрофкорӣ ва баргузор намудани маросиму маъракаҳои серхарҷ дар дини мубини ислом аз ҷумлаи амалҳои воло ба шумор меравад.

Ин масъала дар каломи осмонии Худованд низ таъкид шудааст: “Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд”.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки садақаи фитр яке аз васи¬лаҳои муҳимми дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.

Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал низ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем.

Яъне таваҷҷуҳ ба ҳоли муҳтоҷону камбизоатон яке аз рукнҳои асосии рӯзадорӣ мебошад ва ҳар вақте, ки сарватмандон ба чунин шахсон меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар амри хайри тарбияи ятимон саҳми инсондӯстона гузоранд ва барои ҳалли мушкилоту ниёзҳои мардум кӯшиш намоянд, фазои дӯстиву муҳаббат ва сафову самимият дар байни аъзои ҷомеа густариш меёбад ва мустаҳкам мегардад.

Инчунин, анҷом додани дигар корҳои хайр, аз қабили ба ягон маҳалли зист об овардан, мактаб ё муассисаи тиббие бунёд ё таъмир кардан ва қитъаи роҳеро тармим намудан чӣ қадар мушкили одамонро осон мегардонад.

Бо изҳори итминон, ки Рамазони имсола низ барои ҳамватанони азизи мо айёми иҷрои амалҳои нек хоҳад гардид, бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар фарди Ватан хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Бигзор, моҳи мубораки Рамазон боиси таҳкиму тақвияти сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар диёри мо ва хонадони ҳар як сокини кишвар гардад.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Май 26, 2017 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот намуданд
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин