Пешгирии сӯхтор аз хомӯш намудани он осонтар аст!

Май 13, 2017 12:22

ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи мутахассисони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Вахдат дар истироҳатгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масоҳати умумии он беш аз 12 гектар мебошад, ва Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакони шаҳри Вахдат, ки айни замон дар он беш аз 70 нафар кӯдакон барои барқарорсозии саломатӣ табобат мегиранд, вохӯриҳои муҳими зиддисӯхторӣ гузаронида шуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Ҳадафи ин гуна мулоқот пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва баланд бардоштани малакаву дониши масъулону кормандони корхонаву муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ва шаҳрвандон мебошад.

Кормандони мақомоти мазкур ба масъулон ва кормандону хизматчиёни иншооти номбурда дар хусуси омилу сабабҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва роҳҳои сари вақт пешгирӣ кардани он маълумот доданд.

Ба иттилои манбаъ, кор дар ин самт аз тарафи мутахассисони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Май 13, 2017 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд