Рамазон Раҳимзода: «Кормандони милитсияро зарур аст бо мардум ҳамеша дар ҳамкории зич қарор дошта бошанд»

Май 12, 2017 11:50

ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва  раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Табарзода дар шафати бинои асосии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нав ва иншооти иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бинои иловагии мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои кормандони Бахши шиносномавию бақайдгирӣ, шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва гурӯҳи кор бо ҳайати шахсии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар бинои якошёнаи алоҳидаи ҳамшафати он кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, инчунин шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилӣ соҳиби ҳуҷраҳои корӣ гардиданд.

Вазири корҳои дохилӣ зимни суҳбат бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии қонуншиканӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дастуру супориш дод.

Вазир таъкид кард, ки «кормандони милитсияро зарур аст, ки бо мардум ҳамеша дар ҳамкории зич қарор дошта, баҳри пешрафту ободии диёр саҳми арзанда гузоранд. Зеро яке аз самтҳои асосии ислоҳоти милитсия тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ мебошад».

Май 12, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд