Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳоро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон ҷавонони синнашон аз 20-сола боло ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба ҳайси раис дар мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти Тоҷикистон интихоб гарданд.
Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиротро ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷонибдорӣ намуданд, ки дар асоси он минбаъд раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо ба ҳисоб намераванд, зеро онҳо дар назди Президенти кишвар ҳисоботдиҳандаанд.
Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ инчунин тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷонибдорӣ гардид. Фарҳод Раҳимӣ, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ, ки ин масъаларо шарҳ дод, гуфт, ки тибқи ин тағйирот ятимон, маъюбон ва ҷавононе, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намудаанд, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз имтиёз бархӯрдор мегарданд. Имтиёзҳо аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» танҳо нафароне дар мақомоти нотариати давлатӣ фаъолият менамоянд, ки дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» низ аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ ёфт.
Тибқи он ҳамасола 20 март дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг таҷлил мегардад.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






