Сармуҳаррири «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб дар бораи «Полки абадӣ»: «Ҳеҷ илоҷ ва зарурат барои анҷоми иқдомҳои ҷудогона ва ҷудо аз тадбирҳои расмии озмудашуда вуҷуд надорад»
ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Изҳороте, ки дар робита ба нақшабандӣ нашудани «Полки абадӣ», (4 май ба забони тоҷикӣ ва 5 май ба забони русӣ) дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таҳти унвони «Чорабинии аксияи «Полки абадӣ» нақшабандӣ нашудааст» нашр гардид, намояндагони илму фарҳанги ҷумҳуриро бетараф нагузошт. Ин навбат Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири нашрияи миллии адабии «Садои шарқ», устоди ДМТ доир ба он назари хешро иброз намуд:
«Ман изҳороти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро аз 4 апрели соли равон дар бораи аксияи «Полки абадӣ» мутолиа намудам ва бо муҳтавои он комилан мувофиқам.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷлил ва бузургдошти Рӯзи Ғалаба ҳамеша ба андозаи лозим таваҷҷуҳ менамояд. Ҳамчунин собиқадорони ин корзори азим ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат бо ғамхорӣ ва ёрии моддию маънавӣ фаро гирифта мешаванд. Тавре мусаллам аст, тайи чанд рӯзи охир кумакпулии якдафъаинае, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст, дар якҷоягӣ бо дигар кумакпулиҳои иловагӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории давлатӣ ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонида шуда истодаанд.
Ҳар сол дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе ба ин муносибат гузашти низомӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Ширкат дар ин барномаҳо озод аст ва ҳатто ҳузури довталабон ба воситаи расонаҳои гурӯҳӣ ташвиқ мешавад.
Бо ин ҳол ба назари мо ҳеҷ илоҷ ва зарурат барои анҷоми иқдомҳои ҷудогона ва ҷудо аз тадбирҳои расмии озмудашуда вуҷуд надорад. Илова бар ин, дар шароити бисёр ҳассоси байналмилалие, ки имрӯз вуҷуд дорад, ҳар навъ иқдомоти алоҳида, ба монанди «Полки абадӣ» бо ҷалби гурӯҳҳои мухталифи мардум метавонад як василаи ташкили низоъ, ихтилоф ва ташаннуҷ гардад.
Дар ин ҳол масъулон ва созмондиҳандагони чунин иқдомоти ғайрирасмӣ, мисли «Полки абадӣ», пеш аз ҳама, худ ба зиёни ҷуброннашаванда рӯбарӯ хоҳанд гардид.
Бинобар ин, беҳтар аст барои маънавитар ва рангинтар шудани ин барномаҳо дар чаҳорчӯби анъанавӣ ва расмии он дар якҷоягӣ бо мақомоти расмӣ фаъолият намуда, дар баргузории барномаҳои фарҳангиву сиёсии онҳо саҳмгузор бошанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






