Савганди ҳарбии 300 нафар сарбозони навдаъватшуда дар арафаи ҷашни ғалаба бар фашизм

Май 9, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар» /. Бахшида ба 72-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузургӣ ватании солҳои 1941-1945 дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани маросими бошукӯҳи тантанавӣ 300 нафар сарбозони навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ёд карданд, — иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ М.Улуғхоҷаев.
Ҳамзамон дар ҳамин маросим ба 140 нафар хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати «прапоршикон» дипломҳо ва рутбаҳои ҳарбии «прапоршик» супорида шуд.
Дар маросими мазкур раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати фармондеҳии Маркази таълимии «Пойтахт», намояндагони Федератсияи Россия, собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, падару модарони сарбозон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
С. Ятимов раиси КДАМ ҶТ, зимни суханронӣ зикр кард, ки «Маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии сарбозону афсарони Ватан, имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу суббот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд. Мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои эҳтимолӣ ба хусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд».
Таъкид карда шуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ мебошад.
Собиқадорони ҷанг, падару модарони сарбозон зимни суханрониҳо ба наваскарон иҷрои хизмати софдилонаро дар ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуда, қайд карданд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавонмард мактаби воқеии ҳаёт мебошад.

сарбоз

Май 9, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид