Ш. Зуҳуров: «Дар иқтисодиёти Тоҷикистон Чин сармоягузори бузург аст»

Май 15, 2017 15:43

ДУШАНБЕ,15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазъ ва дурнамои муносиботи бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар мулоқоти  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пан Юнхе дар Душанбе баррасӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров зикр  намуд, ки умед аст сафари ҳайати баландпояи чинӣ ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории гуногунсоҳа, хусусан тавсеаи равобити байнипарлумонии ҳар ду давлат мусоидат хоҳад кард.

Зикр шуд, ки байни парлумонҳои ҳар ду кишвар Гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Маҷлиси Умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии  Чин фаъолият дошта, сафарҳои раисони парлумонҳои  Тоҷикистону Чин ба кишварҳои ҳамдигар ба таҳкими равобити байнипарлумонии ду кишвари ҳамсоя нақши муассир мегузоранд.

Бо дахли ҳамкории иқтисодӣ Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки  дар миёни шарикони муҳими тиҷоратии  Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии  Чин дар мақоми аввал қарор дорад ва дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузори бузург ба шумор меравад. Зикр шуд, ки  сармоягузорони чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги дорои аҳамияти стратегии Тоҷикистон, хусусан сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳо, бахши энерегетика, кишоварзӣ  ва дигар иншооти муҳим иштироки фаъол доранд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳо беш аз пеш густариш меёбанд.

 

Май 15, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ