Ш. Зуҳуров: «Дар иқтисодиёти Тоҷикистон Чин сармоягузори бузург аст»
ДУШАНБЕ,15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазъ ва дурнамои муносиботи бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пан Юнхе дар Душанбе баррасӣ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки умед аст сафари ҳайати баландпояи чинӣ ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории гуногунсоҳа, хусусан тавсеаи равобити байнипарлумонии ҳар ду давлат мусоидат хоҳад кард.
Зикр шуд, ки байни парлумонҳои ҳар ду кишвар Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият дошта, сафарҳои раисони парлумонҳои Тоҷикистону Чин ба кишварҳои ҳамдигар ба таҳкими равобити байнипарлумонии ду кишвари ҳамсоя нақши муассир мегузоранд.
Бо дахли ҳамкории иқтисодӣ Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки дар миёни шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Чин дар мақоми аввал қарор дорад ва дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузори бузург ба шумор меравад. Зикр шуд, ки сармоягузорони чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги дорои аҳамияти стратегии Тоҷикистон, хусусан сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳо, бахши энерегетика, кишоварзӣ ва дигар иншооти муҳим иштироки фаъол доранд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳо беш аз пеш густариш меёбанд.








Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






