Соҳили дарёи Ғундро мустаҳкам мекунанд, то оби он бозорҳои шаҳри Хоруғро хароб насозад
ХОРУҒ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо гарм шудани ҳарорати ҳаво сатҳи оби дарёи Ғунд боло рафта, батадриҷ маҷрои худро тағйир медиҳад. Сардори бахши шаҳрии ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умед Тутишоев гуфт, ки дар тарафи соҳили рости ин дарё ду бозори калони шаҳр ва он сӯи ин дарё маҳаллаи аҳолинишину беморхонаи вилоятӣ ҷо гирифтаанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз офатҳои эҳтимолии обхезӣ рӯзи сеюм аст, ки кормандони шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва мутахассисони созмони башардӯстонаи «Фокус» ба таҳкими соҳили дарё машғул мебошанд. Мутобиқи лоиҳа онҳо дар се рӯз 600 метри кубӣ корҳои соҳилмутаҳкамкуниро ба анҷом расонданд ва то мавсими обхезӣ ҳаҷми онро то ба ҳазор метри кубӣ мерасонанд.
Ҳамасола дар мавсими обхезӣ оби дарё ҳамроҳ бо худ регу шағал оварда, онро дар байни дарё ғарам мекунад ва маҷрои онро ба самти бозори марказӣ равона мекунад. Дар давоми бештар аз 10 соли охир ҳаҷми регу шағал афзуда, ҳар замон имкон дорад, ки оби дарё аз болои садд убур кунад. Бинобар ин Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба мақсади пешгирӣ аз офати табиӣ соли равон тасмим гирифт, ки мобайни дарёро аз аз ғарами регу шағал пок сохта, маҷрои обро ба ҳолати аввала баргардонад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






