Соҳили дарёи Ғундро мустаҳкам мекунанд, то оби он бозорҳои шаҳри Хоруғро хароб насозад

Май 5, 2017 15:58

ХОРУҒ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо гарм шудани ҳарорати ҳаво сатҳи оби дарёи Ғунд  боло рафта, батадриҷ маҷрои худро тағйир медиҳад. Сардори бахши шаҳрии ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умед Тутишоев гуфт, ки дар тарафи соҳили рости ин дарё ду бозори калони шаҳр ва он сӯи ин дарё маҳаллаи аҳолинишину беморхонаи вилоятӣ ҷо гирифтаанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз офатҳои эҳтимолии обхезӣ рӯзи сеюм аст, ки кормандони шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва мутахассисони созмони башардӯстонаи «Фокус» ба таҳкими соҳили дарё машғул мебошанд. Мутобиқи лоиҳа онҳо дар се рӯз 600 метри кубӣ корҳои соҳилмутаҳкамкуниро ба анҷом расонданд ва то мавсими обхезӣ ҳаҷми онро то ба ҳазор метри кубӣ мерасонанд.

Ҳамасола  дар мавсими обхезӣ оби дарё ҳамроҳ бо худ регу шағал оварда, онро дар байни дарё ғарам мекунад ва маҷрои онро ба самти бозори марказӣ равона мекунад. Дар давоми бештар аз 10 соли охир ҳаҷми регу шағал афзуда, ҳар замон имкон дорад, ки оби дарё аз болои садд убур кунад. Бинобар ин Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба мақсади пешгирӣ аз офати табиӣ соли равон тасмим гирифт, ки мобайни дарёро аз аз ғарами регу шағал пок сохта, маҷрои обро ба ҳолати аввала баргардонад.

Май 5, 2017 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд