Сокинони ноҳияи Лахш беш аз 27 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд

Май 10, 2017 16:36

ЛАХШ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Лахш барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва истиқболи Соли ҷавонон марказҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро тариқи ҳашари умумӣ  аз партовҳо тоза намуда, дар кӯчаҳо дарахтони сояафкану ороишӣ мешинонанд. Тибқи иттилои мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Эраҷ Камолов, то имрӯз дар ноҳия 27 ҳазору 119 бех ниҳол дар ҷойҳои ҷамъиятию кӯчаҳои марказии ноҳия шинондаанд, ки аз ин  шумора 1384 бех дарахтони мевадиҳанда мебошанд.

Фасли баҳор дар ноҳияи Лахш нисбат ба дигар навоҳии ҷумҳурӣ дертар  меояд. Сокинони ноҳия аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, то имрӯз зиёда аз 42 гектар боғҳои нав бунёд намуда, 2 гектар боғҳои кӯҳнаро барқарор  намуданд.

Май 10, 2017 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд