Тахтаи бо роҳи қочоқ вориднамудаи соҳибкор ошкор гардид

Май 15, 2017 11:47

ДУШАНБЕ, 15.05.2017/АМИТ  «Ховар»/. Дар вилояти  Суғд зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз дохили ду воситаи нақлиёти тамғаи «Долун», рақами қайди давлатиашон  АК 13 36 01 ва СЕ 24 67 01 ба маблағи беш аз 134 ҳазор сомонӣ тахта мусодира карда шуд.

Дар хабаре, ки маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудааст, гуфта мешавад, ки сокини 34-солаи шаҳри Истаравшан, шаҳрванди Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ю.Т., ба фаъолияти соҳибкории  ғайриқонунӣ машғул шуда, тахтаро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ  аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон намудааст.

Доир ба амали шаҳрванд Ю.Т. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтиш ба  Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.

 

Май 15, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд